Дар шаҳри Хоруғ имтиҳонҳои қабул ба магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» доир шуданд

Ноябрь 30, 2023 15:19

 ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев имтиҳони қабул ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру навоҳии вилоят доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев хабар медиҳад.

Зимни имтиҳонҳои қабул Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва дигарон  иштирок намуданд.

Имтиҳони қабули довталабон аз ҳисоби хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  ва шаҳру ноҳияҳои он ба магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» тариқи иншо, тест ва суҳбат оид ба малакаи касбии онҳо гузаронида шуда, аз ҷониби комиссияи салоҳиятнок ба он баҳо гузошта шуд.

Бояд иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»- омӯзиши мактаби идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар рушди соҳаҳои стратегии низоми иҷтимоии ҷомеа буда, диққати асосӣ ба корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳалли масъалаҳои стратегии низоми иҷтимоӣ дода мешавад.

Ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» хизматчиёни давлатие, ки собиқаи кории на кам аз 2-сола дошта, донандаи забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) мебошанд, тариқи имтиҳон пазируфта мешаванд.

Магистрантон давоми як соли таҳсил дар магистратура малакаи кории худро такмил дода, донишҳои касбиро тақвият мебахшанд ва соҳиби диплом мегарданд. Таҳсил дар магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дар самти болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин ҳайати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори Академия бо Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, шинос гардид.

Зимни шиносоӣ бо институт шароиту имконоти ҳамкории дуҷонибаи муассисаҳои илмӣ матраҳ гардида, ҳавасмандии ду ҷониб ба тавсеаи бештари ҳамкории илмӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ иброз гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

 

Ноябрь 30, 2023 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид