Дар Вазорати фарҳанг Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Ноябрь 16, 2023 10:08

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки  хизматҳои арзишманд  ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат  ҳамарӯза мавриди таваҷҷуҳ ва қадрдоншиносӣ  қарор доранд.  Абармарди бузурги   арсаи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҷойгоҳи Тоҷикистонро  дар дунё ҷойгоҳи  хосса ва чеҳраи Тоҷикистонро  дар дунёи сиёсат ҷеҳраи ҷадид гардонданд. Ин аст, ки имрӯз ҷаҳониён ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик бо назари нав  менигаранд. Иродаи қавии Пешвои миллат, тасмимгириҳои ҷиддӣ, иштирок дар ҳалли масоили муҳими минтақавӣ, байналмилалӣ ва мушкилоти ҷаҳонӣ сабаби баланд шудани нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Ҳамзамон дар ҳамоиш тазаккур дода шуд, ки бо таваҷҷуҳ ба аҳамият ва баргузории ин ҷашни фархунда аз таърихи чандинҳазорсолаи давлатдории тоҷикон ёдовар шуда, давраи соҳибистиқлолии миллати тоҷикро яке аз саҳифаҳои зарини таърих ва нақши Пешвои миллатро дар ин давра беназиру бориз метавон унвон намуд. Давлат бо риояти ақлоният дар тасмимгириҳо ва зиракии баланди сиёсӣ метавонад аз иқтидори худ ҳифз намояд ва бо мамлакатҳои ҳамсоя ва ҷаҳон робитаи неку муассир дошта бошад.

Гуфта шуд, ки мавҷудияти суботу сулҳу оромӣ дар мамлакат танҳо далели кофӣ аст, ки аз дастовардҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қаҳрамониҳояшон ҷиҳати ҳифзи миллат, таҳкими амнияти миллӣ ва соҳибистиқлолии ватани азизамон ҳамеша шукргузор бошем.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд