Даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ — 2023 оғоз шуд

Ноябрь 10, 2023 13:53

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барои бақайдгирии довталабон (даври чорум) дар 8 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил шудаанд.

Муҳлати даври чоруми бақайдгирӣ то 9 декабр муқаррар гардидааст. Агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз намудани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро дар ҳамин муҳлат анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат намояд, ки дар он худро сабти ном намудааст.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даври чоруми бақайдгирии довталабон ҷойҳои дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда танҳо аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил аз ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ё аз муассисаҳои таълимии алоҳида пешниҳод мешаванд. Вобаста ба ин, дар ин даври бақайдгирӣ ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ аз ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ танҳо аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил пешниҳод шудаанд.

Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб намуда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва макони имтиҳонсупорӣ ва ҷойи фиристодани даъватномаро бояд интихоб намуд.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2023 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид