ДУШАНБЕ-ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки сардабирони 35 нашрияи даврӣ ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 23, 2023 16:56

ДУШАНБЕ, 23.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Душанбе — қалби Тоҷикистони соҳибистиқлол»- бо чунин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки сардабирони 35 нашрияи даврии маҳаллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода намояндагони ҷомеаи журналистии мамлакатро ба пойтахти мамлакат хайрамақдам гуфта, доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию меъмории Душанбе маълумот дод.

Корвони журналистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир шуда, дар доираи он рӯзноманигорони шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои шаҳри Душанбе шинос мешаванд.

Дар баробари шиносоӣ бо пойтахт ва мавзеъҳои дилфиреби он корвони 35-нафараи журналистон бо студияи таълимии факултаи журналистика, Осорхонаи Пешвои миллат ва сохтмонҳои нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуда, аз журналистони варзидаи ҷумҳурӣ дарсҳои маҳорати касбӣ мегиранд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сармуҳаррири «Рӯзномаи Хатлон» Носирҷон Маъмурзода иброз дошт, иштирокчиёни Корвони журналистон дар баробари шиносоӣ бо ободкориҳои шаҳри Душанбе ҳамзамон аз фаъолияту таҷрибаҳои ҳамдигар бохабар гашта, дар сайқали маҳорати касбиашон роҳу усулҳои нав пайдо менамоянд.

«Ин ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон саривақтӣ буда, журналистони маҳаллӣ метавонанд бо пешравиҳои пойтахти мамлакати маҳбубамон шинос шуда, аз ин созандагиҳову пешравиҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии он дар нашрияҳои маҳаллӣ маводи ҷолиберо рӯйи чоп оваранд».

Мавсуф иброз дошт, ки зимни шиносоӣ аҳли рӯзноманигорон  биноҳои боҳашамат, боғу гулгаштҳо, коху маҷмааҳои варзишӣ ва дигар ҷойҳои дилфиреби пойтахтро тамошо намуда, огоҳ шуданд, ки барои ин ободкориҳо роҳбарияти мамлакат ва Раиси  шаҳри Душанбе чӣ қадар заҳмату талош  намудаанд.

Раиси Иттифоқи журналистони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков иброз дошт, ки зимни ин сафар ҳайати журналистон бо корхонаҳои саноатӣ, биноҳои барҳаво шинос шуда, ҳамзамон бо Кохи «Наврӯз», ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, шинос шуданд. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос менамояд ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.

Давоми солҳои охир бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси шаҳрдорӣ якчанд  тадбирҳои нав рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишери Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Ҳамзамон дар пойтахт зиёда аз 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгории бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, кохҳои «Наврўз», «Борбад», «Ваҳдат», «Суруш», беш аз 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рӯйи талаботи онҳо хизмат мерасонанд.


Инчунин дар пойтахт нақлиёти мусофиркашони ширкатҳои кироякаши таксӣ бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонида шуда, намои зиёда аз 310 бинову иншоот бо равшанидиҳии беруна таъмин шуд.

Ҳамзамон парчам бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби “Рекордҳои Гиннес” сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2023 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд