«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ». Таҳти ин унвон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир гардид

Ноябрь 14, 2023 14:05

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш  баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон  Умед Бобозода аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «имрӯзҳо Сарвари давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти муътабар, созандаву сулҳовар ва ходими намоёни давлативу сиёсӣ мешиносанд. Суханрониҳои пай дар пайи Пешвои миллати мо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи олам, ташаббусҳои Сарвари давлати мо    роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои глобалии дунё хеле назаррас буда, дараҷаи баланди инсондӯстӣ ва сатҳи олии донишу ҷаҳонбинӣ ва дурандешии  Пешвои миллати моро нишон медиҳанд»,-афзуд Ваколатдор.

Таъкид гардид, ки Роҳбари давлат эҳёгари давлатдории навини тоҷикон буда, маҳз муҳаббати мардум аст, ки 16 ноябр ҳамасола дар мамлакати мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Чунки маҳз 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Сарвари давлат ба фаъолият шуруъ намуда, ба мардум сулҳ оварданд. Маҳз ин марди худодод тавонистанд  табассуми гумшударо ба лабони пиру барно дубора баргардонанд.

Маърузачиёни ҳамоиш иброз намуданд, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бузург мебошанд.

Дар фарҷом иштирокчиён якдилона таъкид намуданд, ки бояд дар пайравӣ ба хизматҳои беназири Пешвои миллат ҷиҳати ободу зебо ва мутараққӣ намудани Ватани азизамон ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд саъю талош намоем.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 14, 2023 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст