ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт бозиҳои дӯстона доир менамояд
ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 14 ноябр бо дастаи мунтахаби олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб ва 17 ноябр бо дастаи мунтахаби олимпии Кувайт рақобати санҷишӣ доир менамояд. Ҳарду бозӣ дар шаҳри Дубай баргузор мешаванд.
Рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 23 ноябр пас аз маросими қуръакашӣ муайян мешаванд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 15 апрел то 3 майи соли 2024 дар давлати Қатар баргузор мегардад.
Бозиҳои дӯстона (U-23)
14 ноябр (сешанбе)
АМА–Тоҷикистон
Дубай, АМА
17 ноябр (ҷумъа)
Кувайт –Тоҷикистон
Дубай, АМА
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид






