ХАВФИ НОРАСОИИ ЙОД. Ин масъала дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт

Ноябрь 23, 2023 11:43

ДУШАНБЕ, 23.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кӯдаконе, ки дар минтақаҳои дорои мушкилоти норасоии йод таваллуд шудаанд, ба ҳисоби миёна нисбат ба кӯдакони дар минтақаҳои дорои йоди кофӣ ба дунёомада 13,5 холи вобаста ба нишондоди зеҳнӣ (IQ) камтар доранд. Ин нишондод албатта ба қобилияти дарсазхудкунии хонандагон, саломатии занон, сатҳу сифати зиндагонии ҷомеа ва самаранокии иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамин тавр дар ҳолати норасоии йод вайроншавии мутобиқати ҳаракат, вайроншавии нутқ, пастшавии шуур, биниш ва шунавоӣ, гунгӣ, фалаҷи ҷузъӣ ва ноқисулақлӣ (кретинизм) ба вуҷуд меояд. Ин матлаб дар нишасте, ки дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадқиқоти миллии вазъи йод дар Тоҷикистон дар соли 2021 доир гардид, баён шуд.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ҷаҳон 1,8 миллиард нафар одамон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз сабаби истеъмоли нокифояи йод таҳти хавфи норасоии йод қарор доранд. Йод микроэлементест, ки барои фаъолияти биологии бадани инсон, аз ҷумла тавлиди гармонҳои сипаршакл зарур аст. Дар ҷаҳон мушкилоти норасоии йод (IDD) бо сабаби таъсири харобиовараш ба рушди равонӣ ва психомотории тифлон ва кӯдакони хурдсол яке аз масъалаҳои асосии саломатӣ боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки сабаби асосии бемории ҷоғар, ки дар олам наздики 1,5 миллиард одамон мубталои он мебошанд, ин норасоии йод дар организми инсон мебошад. То соли 2019 дар Тоҷикистон 62 ҳазору 863 нафар беморони ҷоғар ба қайд гирифта шуда буданд.

Маврид тазаккур аст, ки норасоии йод барои ҳамаи узвҳои инсон оқибатҳои ногувор дорад. Дар сурати норасоии йод инкишофи асаб ва афзоиши устухонҳо дар инсон суст шуда, дар овони кўдакӣ боиси заифии рушди тафаккур ва ҳатто ноқисулақлӣ низ мегардад.

Набояд фаромўш кард, ки норасоии йод дар давраи ҳомиладорӣ низ хатари ҷиддӣ дорад. Ҳомиладорӣ давраест, ки дар он ғадуди сипаршакли зани ҳомила якбора ба ду ҷисм – модар ва кўдаки дохили батн хизмат мекунад ва кори ғадуди сипаршакл дучанд зиёд мешавад. Ҳомиладорӣ яке аз омилҳоест, ки таъсири камйодиро ба ҷисми модар ва кўдак меафзояд ва он дар навбати худ ба бемориҳои камйодӣ оварда мерасонад. Йод дар се моҳи ташаккули ҷанин дар батни модар ва дар се соли аввали ҳаёти кўдак хеле муҳим аст, зеро инкишофи ҳуҷайраҳои мағзи сар аз таъминоти кофии гормонҳои ғадуди сипаршакл бо йод вобастагии калон дорад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки вобаста ба ин, бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир андешида, мушкилиҳои дар ин самт бударо ба воситаи қабули қонунҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои миллию минтақавӣ марҳила ба марҳила ҳал намуда истодааст.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 Қонун «Дар бораи йодноккунии намак»-ро қабул кард, ки нишонаи ғамхории давлат дар ҳифзи саломатии шаҳрвандон мебошад. Қонуни мазкур дар ҳифзи беҳдошти мардум ва ба ин васила коҳиш додани бемории ҷоғар саҳми назаррас дорад. Тибқи қонуни мазкур, фурўши намаки йоднокгардонданашуда ва ворид намудани он дар ҷумҳурӣ, манъ аст.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои йодноккунии намак аз маҳлули йодати калий истифода бурда, барои як тонна намак 30-60 грамм йодати калий ҳамроҳ кардан муқаррар шудааст, ки истеъмоли чунин намак барои пешгирии норосоии йод кофист.

Намаки йоднокро аз ҳад зиёд низ истеъмол кардан мумкин нест. Он миқдор йод, ки ба намак илова мешавад, талаботи шабонарўзии одамро бо йод пурра таъмин мекунад. Ҳамчунин намаки йоднокро дар зарфи сарпўшида, дар ҷои хушк бояд нигоҳ дошт. Мӯҳлати нигоҳдории намаки йодати калийдор аз 9 то 12 моҳро дар бар мегирад.

Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашўрзода, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва кўмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврўз Ҷаъфаров, намояндагони вазорату идораҳо, шарикон оид ба рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2023 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»