ИҚТИДОРИ РОҲБАРИИ ЗАНОНИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Намояндаи Тоҷикистон дар машварати омӯзишӣ дар Пекин иштирок намуд

Ноябрь 3, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 31 октябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин  машварати омӯзишӣ оид ба рушди иқтидори роҳбарии занони хизматчии давлатӣ барои давлатҳои рӯ ба рушд баргузор гардид, ки дар он мудири бахши сомонаи дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Гулнигор Шукурзода маъруза намуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар медиҳад.

Гулнигор Шукурзода иброз дошт, ки Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба масъалаи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа ва рушди иқтидори роҳбарии онҳо якчанд барномаҳо ва ташаббусҳоро амалӣ намуд. Дар ин самт таҷрибаи давлатҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла  Ҷумҳурии Мардумии Чин намунаи беҳтарин маҳсуб мешавад.

Ӯ таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, дар он ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахс ҳамчун арзиши олӣ аз ҷониби давлат ҳифз мешавад.

Дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа» дар соли 1999 воқеан инқилобӣ гардид. Ин фармон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, сохторҳои давлатӣ, адлия ва прокуратура таъйин намудани занонро пешбинӣ менамояд.

Дар масъалаи баланд бардоштани нуфузи зан дар ҷомеа ва амалӣ гардидани якчанд қонуну стратегияҳо дар ин самт дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши назаррас доранд.

Сарвари давлат ҳамеша ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони фарзонаю оқили тоҷик такя менамоянд, зеро онҳо дар татбиқи рисолати аслии худ- таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони соҳибмаърифату боодоб, бонангу номус ва ватандӯсту худшинос саҳми босазо мегузоранд.

АКС: Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид