Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат рӯзона 20-23 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона аз 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа, рӯзона 15+20 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11, рӯзона 20+25, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгўӣ шуда, шамол аз самти шарқ 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа, рӯзона 18+23 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо шиддати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8+10 ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






