«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб маҳфили дӯстдорони китоб доир шуд
КӮЛОБ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар китобхонаи Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба китобу китобхонӣ дар мавзуи «Китобхона- кохи маърифат» маҳфили «Дӯстдорони китоб» бо иштироки аъзои маҳфил баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар маҳфил иброз гардид, ки китобхона ҷои муқаддас буда, кас метавонад маҳз тавассути мутолиаи ганҷҳои бебаҳои он бисёр гиреҳу печидагиҳои зиндагиро кушояд. Махсусан, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа дар ҷодаи китобдорӣ низ дастовардҳои наву тоза ба амал омаданд, ки ба рушди минбаъдаи ин самт дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Аз замонҳои қадим мардуми тоҷик китобдору китобхон буд ва китобҳои пурмазмуну қиматбаҳоро новобаста ба асорати арабу муғулу турк аз душманон ҳифз намуда, то рӯзгори имрӯзаи мо оварда расонид.
Мояи хурсандӣ аст, ки майлу рағбати мардум ба китобу китобхонӣ аз нав эҳё гардид. Бо Амри Сарвари давлат аз 9 феврали соли 2019 инҷониб дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб» аст баргузор мешавад, ки аз манфиат холӣ нест. Ин гуна озмунҳо роҳи шавқманд гардонидани ҷавонон ба китобу китобхонӣ мебошанд.
Дар ҳақиқат китоб арзишмандтарин падидаи фарҳангӣ- манбаи асосии илму дониш, фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани волою пояи тамаддуни ҷаҳони муосир ва воситаи таълиму тарбия мебошад.
Дар маҳфил донишҷӯён доир ба китобҳои мутолианамудаашон маълумот доданд.
Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки ба китобу китобхонӣ бештар рӯ оранд, чунки китоб на танҳо манбаи илму дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон низ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд






