КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ТАЪМИНИ ОЗОДИИ ВИҶДОН. Дар Бадахшон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Конститутсия — кафили таъмини озодии виҷдон ва ваҳдати миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Ҳамоиш ба 29-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Иброз гардид, ки воқеан бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои давлатдории навини тоҷикон мустаҳкам ва шоҳроҳ барои истиқрори сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ васеъ гардид. Конститутсия-таҳкурсии низоми ҳуқуқии ба талаботи замон ва вазъи воқеии ҷомеа мутобиқу мувофиқ гузошта, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла ҳуқуқию иқтисодӣ ва истеҳсолиро ба чаҳорчӯби мутавозин даровард.
Конститутсия бунёди ҳуқуқии сулҳ ва ваҳдати миллиро гузошта, бо заҳмату фидокориҳои ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо ин ду неъмати бебаҳоро муяссар гардонид.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Конститутсия-кафили таъмини озодӣ ва ваҳдати миллӣ», «Конститутсия -кафили рушди иҷтимоии ҷомеа», «Конститутсия — заминаи асосии ташаккули низоми қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Конститутсия дар таъмини ҳаёти дунявӣ» , «Таъмини озодии виҷдон-кафили рушди давлатдории миллӣ» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






