Кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорону донишҷӯёни Тоҷикистон дар озмунҳои илмию эҷодӣ дар ИДМ сазовори ҷоиза ва нишонҳои сарисинагӣ шуданд

Ноябрь 24, 2023 17:51

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли 2023 бо ташаббуси Маркази тадқиқоти илмии «Best Publication» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон байни шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  озмунҳои гуногуни илмию эҷодӣ баргузор гардид.

Дар онҳо беш аз 1000 нафар, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 корманди соҳаи маориф ва омӯзгорону донишҷӯён аз рӯйи 15 номинатсия  иштирок намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷоизаҳо гардиданд.

11 намояндаи Тоҷикистон аз рӯйи мақолаҳо ва корҳои илмии пешниҳодшуда дар номинатсияи «Беҳтарин мақолаи илмӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ» ғолиб ва сазовори ҷоизаҳо дониста шуданд.

Аз ҷумла, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода, директори литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Сироҷзода, директори мактаб-интернати №5 барои хонандагони шунавоияшон суст дар шаҳри Душанбе Шафқат Одиназода, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Равшан Каримов,  мудири шуъбаи гастроэнтерологияи Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрӣ»-и №2 Маҳмуд Ғафоров, донишҷӯёни курси 1-уми факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ёсуман Розиқова ва  Раҳмонҷон Раҳмонов ҳамчун ғолибон бо ҷоиза ва нишони сарисинагии «Фидоии касби худ» («Преданность своей профессии»), «Хизмат дар соҳаи илм» («Услуги в области науки»), «Ифтихори маориф» («Гордость образования») ва «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» («Лучший студент СНГ») қадрдонӣ шуданд.

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷоиза ва нишонҳои сарисинагиро ба ғолибон Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода тақдим намуд.

 

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ноябрь 24, 2023 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд