Коршинос: Ба фарҳанги истифодаи технологияи рақамӣ таваҷҷуҳи махсус бояд зоҳир намуд

Ноябрь 9, 2023 09:15

ДУШАНБЕ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ беш аз пеш зиёд гардида, дар давлатҳои тараққикарда тақрибан 92 дарсади хариду фурӯши молу маҳсулот бо истифода аз шабакаи глобалии интернет анҷом дода мешавад. Дар Тоҷикистон низ ин тамоюл рӯ ба афзоиш дошта, дар ин марҳала зарур аст, ки ба фарҳанги истифодаи технологияи рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад. Чунин изҳори назар намудааст Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазоев.

Ба гуфтаи мавсуф, дар шароити имрӯза муҳимтарин омили мусоидаткунанда ба рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодии давлат ташаккул додани муҳити инноватсионии созгор дар заминаи истифодаи босамари технологияи рақамӣ ба ҳисоб меравад. Меҳвари асосии технологияи рақамиро зеҳни сунъӣ ташкил дода, сармояи инсонӣ сарчашмаи асосии ташаккул ва истифодаи он мебошад.

«Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро рушди зудтағйирёбандаи муҳити инноватсионӣ фаро гирифтааст, ки он бо суръати кайҳонӣ пеш меравад. Аз ин рӯ, ҳаёти имрӯзаи одамон бо истифодаи мақсадноку босамари технологияи рақамӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасонӣ муҳимтарин омили рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва инноватсионии мамлакат дониста мешавад. Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи рушди иқтисодиёти рақамӣ қарор дошта, он барои рушди иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро дар ин марҳилаи тараққиёт иттилоот ба омили асосии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва технологии давлатҳо табдил ёфта, меҳвари асосии онро истифодаи зеҳни сунъӣ ташкил медиҳад»,-изҳор намуд коршинос.

Дар  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 таъкид шудааст, ки «…сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат менамояд ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ ҷалб намояд».

Истифодаи технологияи рақамӣ даҳсолаи охир ҳамчун мояи асосии рушди иқтисодиёт дар пояи инқилоби чаҳоруми саноатӣ ба вуҷуд омада, боиси ташаккул ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт гардидааст. Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, дар заминаи истифодаи босамари технологияи рақамии муосир рушди иқтисодиёт таъмин гардида, сатҳи рақобатпазирии он баланд мешавад. «Бинобар ин, роҳбарияти олии мамлакат бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб доир ба рушди соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт ҷумҳурӣ ба ҷанбаҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодии истифодаи зеҳни сунъӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Ҳалли ин масъалаҳо ба истифодаи васеи зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, дар маҷмуъ, баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат, коҳиш додани хароҷоти истеҳсолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти рақобатпазирии ширкатҳои ватаниро такони ҷиддӣ мебахшад»,-иброз медорад ӯ.

Бояд ёдовар шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат якчанд корҳои назаррас дар мамлакат ҷиҳати рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти тиҷорат анҷом дода шудаанд. Консепсия ва Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул гардида, аз соли 2019 расман Портали савдои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Қабули ин ҳуҷҷатҳо ба рушди заминаҳои ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ дар мамлакат мусоидат намуда, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар ин самт муайян менамояд.

«Дар раванди татбиқи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо иқдоми шоистаи Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат саноати ватанӣ ҳамчун неруи азими пешбаранда ва иқтидори калидии тараққиёти иқтисодӣ дар мамлакат ба ҳисоб рафта, корхонаҳои саноатӣ дар роҳи рушди инноватсионӣ мунтазам талош меварзанд. Истифодаи техналогияи рақамӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ метавонад ба баланд гардидани рақобатпазирии онҳо дар муносибатҳои тиҷорати байналмилалӣ нақши калидӣ гузорад. Аммо барои расидан ба ин ҳадаф онҳоро зарур аст, ки ба омӯзиш ва аз худ намудани донишҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи бозомӯзии касбии кормандон мувофиқи талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд»,-мегӯяд Ораз Муртазоев.

Бояд тазаккур дод, ки ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ дар иқтисодиёт нақши ниҳоят калон дошта, пардохтҳои саривақтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои бехатари электрониро ба таври самараноку  боэътимод анҷом медиҳанд. Бинобар ин, дар асоси маълумоти оморӣ, то 30 сентябри соли 2023 усулҳои нави пардохт дар қаламрави мамлакат сабаб гардиданд, ки шумораи ҳамёнҳои электронӣ ба 7 536 793 млн адад баробар шавад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 ба миқдори 1,8 млн адад (31,5%) зиёд гардидааст. Албатта, ки афзоиши ин усули пардохт дар саросари ҷаҳон бо шиддат мушоҳида гардида, рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Бино ба иттилои расмӣ, афзоиши шумораи ҳамёнҳои электронӣ сабаб гардид, ки амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ 10,9 млн адад ба маблағи 1 189,0 млн сомонӣ анҷом дода шуд. Ин омор дар муқоиса  ба ҳамин давраи соли 2022 мувофиқан 12,0 дарсад ва 6,7 дарсад зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар мамлакат 6,4 млн корти пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуд, ки корти миллӣ бо нишондиҳандаи 56,4 дарсад аз рӯйи низоми ҳиссаи кортҳои пардохтӣ ва аз рӯйи минтақа- шаҳри Душанбе бо нишондиҳандаи 29,9 дарсад бештар мебошад. Омори кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот бароварда дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 34,7 дарсад афзудааст.

Ба иттилои коршинос, дар муассисаҳои тиҷорату хизматрасонӣ ба миқдори 10 502 адад QR-рамзҳо насб гардида бошанд ҳам, ин омор бинобар сабаби гузаштан ба QR-рамзи ягонаи Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  35,6 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба андешаи Ораз Муртазоев, вобаста ба таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ иқтисоди рақамӣ асоси вусъат бахшидани неруи инсонӣ буда, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро инкишофи тамоми таърихи башарият марҳилаи аграрӣ, саноатӣ ва баъдисаноатиро дар бар мегирад. «Таърих гувоҳ аст, ки кишварҳои рушдёфта аллакай дар марҳилаи баъдисаноатӣ қарор дошта, соҳаи хизматрасонӣ дар доираи он вобаста ба таркиби иқтисод нақши асосӣ мебозад. Чунки бо технологияҳои иттилоотии муосир ҷомеа ҳамеша дар ҳоли пешрафт буда, боиси хеле осон гаштани ҳаёти одамон гашта истодааст»,-изҳор дошт ӯ.

Зимнан бояд гуфт, ки дар замони имрӯза рушди иқтисодиёт бе саноат ғайриимкон буда, бо дастгирии давлатии субъектҳои алоҳидаи хоҷагидор нисбат ба ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияи нави замонавӣ воситаи муҳим ба ҳисоб рафта, маҳз бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи гузариши иқтисодиёти мамлакатро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонида истодаем. Таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат ва неру бахшидан ба тараққиёти соҳаи саноат, коркарди маҳсулоти он талаботи бозори дохилию берунӣ ба ҳисоб рафта, дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва саноатӣ иҷрои вазифаҳои хеле муҳимро тақозо менамояд.

Албатта, Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ин равандҳои ташаккули бахшҳои иқтисодиёти иттилоотӣ, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ шомил буда, дар самти рушди инноватсиониву рақамикунонӣ, сатҳу сифати паҳншавии интернет-хизматрасонӣ ва дараҷаи рушди инфрасохтори технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаъол аст.

Дар самти рақамикунонии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба чашм мерасанд, аммо ҳалли чунин масъалаҳо зарур аст:

-дар татбиқи ҳадафҳои бахшида ба солҳои 2020 -2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» бештар таҳия намудани лоиҳаҳои рақамӣ. Воқеан, иқтисодиёти рақамӣ омили рушди бемайлони иқтисодиёти муосири мамлакат буда, зарурати таъсиси бештари марказҳои инноватсионӣ ва ҳамгироии мутахассисони соҳавӣ муҳим дониста мешавад;

-татбиқи ғояҳои нави инноватсионӣ дар раванди истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ. Самаранокии баланди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ татбиқи дастовардҳои навтаринро дар истеҳсолот тақозо менамояд, ки фаъолияти густурдаи паркҳои технологӣ дар он нақши хосса дорад;

-мутобиқ намудани рушди инфрасохтори замонавии телекоммуникатсионӣ ва коҳиш додани нобаробариҳои рақамӣ вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ. Дар раванди ҷаҳонишавӣ рақобати шадид афзоиш ёфта, дар ҳама самтҳо ҷорӣ намудани навовариро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, ташаккули низоми тиҷорати электронӣ дар ноҳияҳо ва маҳалҳои дурдасти мамлакат тақози замон аст.

-татбиқи лоиҳаҳои «сабз» ва баланд бардоштани салоҳиятнокӣ дар раванди гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Имрӯзҳо барои ҷавонон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, то технологияҳои пешрафтаро омӯзанд ва дар заминаи онҳо таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд.

-ба рушди неруи зеҳнии ҷомеа дар заминаи баланд бардоштани донишҳои техникии аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар заминаи он кадрҳои боэътимодро омӯзонидан ва савияи дониши онҳоро такмил додан зарур аст. Воқеан ҳам, имрӯз норасоии кадрҳои иқтисодиёти рақамӣ муаммои аввалиндараҷа буда, ба рушди соҳа вобастагии зич дорад.

Ҳамин тавр, ташаккули иқтисоди рақамӣ дастрасиро ба иттилоот беҳтар намуда, муҳаррики пешбарандаи фаъолияти инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дониста мешавад. Аз ин лиҳоз, таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт, таҳсил, молия ва тиб аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, нақши технологияи рақамӣ дар ин самт бузург мебошад. Дар ҳамин ҳол соҳаи интернет-тиҷорат дар тамоми давлатҳо яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти рақамӣ шуда метавонад, вале имрӯзҳо мушкилоти башиддат афзоиш ёфтани қаллобӣ дар фазои шабакаи глобалии интернетӣ яке аз масъалаҳое мебошад, ки ба пайдо гардидани шаклҳои нави ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, дар баробари доштани афзалияти бештари истифодаи технологияи пешрафти рақамӣ низоми ягонаи миллӣ таъсис дода шуда, вобаста ба вазъи имрӯза дар доираи ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ танзиму идора ва назорати маҷмуи хизматрасонӣ ва амалҳо зарур шуморида мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ/манбаъҳои боз

Ноябрь 9, 2023 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад