Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба 570-солагии мусаввири барҷастаи тоҷик Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Конференсия таҳти унвони «Таъсири байнифарҳангӣ дар санъати миниатюра ва нақши Камолиддини Беҳзод» бо ташаббуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор шуда, дар он олимону муҳаққиқон аз Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва Фаронса иштирок мекунанд.
Самтҳои асосии конференсия аз усулҳои бадеӣ ва рамзҳо дар миниатюра, таъсири Беҳзод ба мактабҳои ҳунарии Эрон ва Ҳинд, нақши миниатюраҳо дар интиқоли дониши таърихӣ ва аҳамияти ҳунари Беҳзод дар асри XXI иборат мебошанд.
Бояд гуфт, ки Камолиддини Беҳзод бузургтарин мусаввир, наққош ва миниатюрнигори тоҷик мебошад, ки дар Шарқ бо номи ифтихории «Монии Сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» шуҳрат дорад. Муосиронаш ӯро «қоиди мусаввирон», «ягонаи замона» ва «нодири даврон» ном бурдаанд.
Дар охири асри 14 ва ибтидои асри 15 мактаби минётурнигории Ҳирот таъсис ёфта буд, ки Камолиддини Беҳзод намояндаи бузургтарини ин мактаби эҷодӣ мебошад.
Реализми осори Беҳзод бештар дар нигоришҳое падидор мешавад, ки ҳаёти воқеии халқро ифода мекунанд. Камолиддини Беҳзод инчунин баъзе лавҳаю манзараҳои этнографӣ низ кашидааст, ки арзиши баланди ҳунарию эстетикӣ ва таърихӣ доранд.
АКС аз бойгонӣ








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






