Аъзои ҲХДТ намоиши «Достони Сиёвуш»-и «Шоҳнома»-ро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» чорабинии тантанавӣ ва тамошои дастҷамъонаи намоиши «Достони Сиёвуш» аз рӯйи асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу тантанаи хосса таҷлил мегардад. Ин санаи муборак ифодагари эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, бахусус Парчами давлатӣ мебошад. Парчам на танҳо рамзи давлат, балки ифтихори миллии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ буда, гувоҳи равшани истиқлолияти мамлакат, таҷассуми ғурури миллӣ ва ифодаи ватандӯстии мо мебошад.
Театр ҳамчун падидаи санъати ҷаҳонӣ дар инъикоси ҳаёт, тарбияи ахлоқӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ ҳамеша нақши муҳим бозидааст. Дар ин робита театри тоҷик низ истисно нест. Он на танҳо макони намоиши асарҳои бадеӣ, балки ганҷинаи арзишманди фарҳанги миллӣ, оинаи рӯзгори мардум ва манбаи илҳоми наслҳои гуногун буда, парчамбардори фарҳанги миллии мо аст.
Намоиши «Достони Сиёвуш»-ро ҳунармандони театр бо касбияти баланд манзур намуданд ва он аз ҷониби тамошобинон бо хушнудӣ пазируфта шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон









Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






