ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ҶУЗЪЕ АЗ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН. Дар рушди либоси миллӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани он саҳми занон назаррас аст

Ноябрь 1, 2023 09:02

ДУШАНБЕ, 01.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз занону духтарони тоҷикро зарур аст, ки барои пос доштани либоси миллӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани он саҳм гузоранд. Нагузоранд, ки либоси ягон  миллати бегона ба фарҳанги пурғановати мо ворид ва сабаби аз байн рафтани либоси зебои мо, тоҷикон гардад. Ин нуктаро мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино Шаҳло Ҳасанзода  ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Ба андешаи Шаҳло Ҳасанзода, тоҷиконро ҷаҳониён ба воситаи фарҳанги бою ғании  он мешиносанд. Либоси миллӣ низ ҷузъе аз фарҳанги миллии мо буда, таърихи дарози ташаккули худро дорад. Бо гузашти солҳо,  имрӯз ҳам шукуҳу шинамиии  либосҳои миллии тоҷикон сарҳаднопазир гардидааст.

«Бо ибтикори Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон расман ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки мояи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хоссаву зебояш пеши назар меояд. Ташвишовар аст, ки солҳои охир занону духтарони мо ба бар намудани рӯсарӣ ва либосҳои ба мо бегонаро пеш гирифтаанд»,-мегӯяд Шаҳло Ҳасанзода.

Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ин масъала зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи Модар чунин таъкид намуда буданд: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони мамлакат, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳо низ ба раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».

Маълум аст, ки дар Тоҷикистон атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту чаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори чеварони минтақаи Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои зебои занҳои ҳунарпарасти Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилоҳои минтақаҳои мамлакат дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.

 АКС аз Шаҳло Ҳасанзода 

Ноябрь 1, 2023 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд