ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ҶУЗЪЕ АЗ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН. Дар рушди либоси миллӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани он саҳми занон назаррас аст
ДУШАНБЕ, 01.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз занону духтарони тоҷикро зарур аст, ки барои пос доштани либоси миллӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани он саҳм гузоранд. Нагузоранд, ки либоси ягон миллати бегона ба фарҳанги пурғановати мо ворид ва сабаби аз байн рафтани либоси зебои мо, тоҷикон гардад. Ин нуктаро мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино Шаҳло Ҳасанзода ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Ба андешаи Шаҳло Ҳасанзода, тоҷиконро ҷаҳониён ба воситаи фарҳанги бою ғании он мешиносанд. Либоси миллӣ низ ҷузъе аз фарҳанги миллии мо буда, таърихи дарози ташаккули худро дорад. Бо гузашти солҳо, имрӯз ҳам шукуҳу шинамиии либосҳои миллии тоҷикон сарҳаднопазир гардидааст.
«Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон расман ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки мояи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хоссаву зебояш пеши назар меояд. Ташвишовар аст, ки солҳои охир занону духтарони мо ба бар намудани рӯсарӣ ва либосҳои ба мо бегонаро пеш гирифтаанд»,-мегӯяд Шаҳло Ҳасанзода.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи Модар чунин таъкид намуда буданд: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони мамлакат, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳо низ ба раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».
Маълум аст, ки дар Тоҷикистон атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту чаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори чеварони минтақаи Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои зебои занҳои ҳунарпарасти Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилоҳои минтақаҳои мамлакат дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
АКС аз Шаҳло Ҳасанзода








Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст






