МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик ҷарроҳии буриши сиркулярии хирной (трахея) бо анастамози нӯг ба нӯгро дар кӯдакон гузарониданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маротибаи аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» ҷарроҳии нодир- буриши сиркулярии хирной (трахея) бо анастамози нӯг ба нӯг дар кӯдакон гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин ҷарроҳӣ дар як духтарчаи 10-сола, ки бо ташхиси саратони хирной ба ин марказ муроҷиат намуда буд, бомуваффақият гузаронида шуд.
Ҷарроҳи марказ Ҷовид Ҷамшедов, ки амалиёти ин ҷарроҳиро гузаронид, мегӯяд, ки қаблан ба чунин беморон, яъне беморони мубталои саратони хирной (трахея) дар кӯдакон танҳо ҷарроҳиҳои симптоматикӣ, яъне найчаи трахеостома барои нафаскашӣ гузошта мешуду халос, ки мутаассифона, гирифторони ин беморӣ умри зиёд намедиданд.
“Зеро трахея байни гулӯханҷара ва бронхҳои асосӣ ҷой гирифтааст ва тавассути он ҳаво ба шушҳо мегузарад, ки дар натиҷа агар дар дарунаш омос пайдо шавад, беморон нафас кашида наметавонанд”-иброз дошт ҷарроҳ.
Ба иттилои манбаъ, вазъи саломатии духтарчаи ҷарроҳишуда муътадил буда, ӯро ба хона ҷавоб додаанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






