Намояндаи Тоҷикистон дар 5-умин Конфронси вазирони меҳнати Созмони ҳамкории исломӣ дар Озарбойҷон иштирок намуд

Ноябрь 25, 2023 14:12

ДУШАНБЕ, 25.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар 5-умин Конфронси вазирони меҳнати Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ),  ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок намуда, дар мавзуи «Ҳалли инноватсионӣ ва рақамикунонии хадамоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар кишварҳои узви СҲИ» сухан гуфт. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Конфронс масъалаҳои марбут ба бозори меҳнати давлатҳои аъзои СҲИ баррасӣ шуда, байни иштирокдорон роҷеъ ба барномаҳои Созмон дар самти меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он мубодилаи афкор доир гардид.

Дар ҳошияи ҳамоиш Гулнора Ҳасанзода бо як қатор вазирони меҳнати давлатҳои аъзои Созмон, аз ҷумла Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон Сахил Бабаев ва Вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ведат Исихан мулоқот намуд.

Зимни мулоқот бо Сахил Бабаев ҷонибҳо дар хусуси татбиқи Созишнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар сатми меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 20 июни соли 2016, ки муқаррароти он барои рушди соҳа равона гардидааст, мубодилаи афкор намуданд.

Дар натиҷаи мулоқот бо мақсади густариши ҳамкории минбаъда «Нақша — чорабинӣ оид ба ҳамкорӣ  байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2023 — 2024» ба имзо расонида шуд.

Нақша-чорабиниҳои мазкур масъалаҳои марбут ба баргузории машваратҳои дуҷониба дар доираи табодули дониш ва таҷрибаи пешрафта дар самтҳои мониторинг ва дурнамои бозори меҳнат, меъёрҳои муайянсозии гурӯҳҳои хавф оид ба назорати давлатӣ барои риояи қонунгузории меҳнат, пешгирии шуғли ғайрирасмӣ, таъмини баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон тибқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, бахусус қолинбофии дастӣ, хизматрасонӣ дар самти шуғл ва ғайраро дар бар мегирад.

Дар ҷараёни мулоқоти Гулнора Ҳасанзода бо Ведат Исихан ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои Ҷумҳурии Туркия аз 11 ноябри соли 2002-ро, ки муқаррароти он барои рушди соҳа, аз ҷумла табодули таҷриба дар соҳаи сиёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, низоми меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, тавонбахшии касбии маъюбон, ташкили назорат ба низоми меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, мониторинги инкишофи бозори меҳнат, бокортаъминкунӣ ва таълими касбии бекорон равона гардидааст,  баррасӣ  намуданд.

Дар натиҷаи мулоқот вазирони ҳар ду давлат аз муносибатҳои судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, бо назардошти пешниҳодҳои матраҳгардида таъкид доштанд, ки ба ҳамкории минбаъда тақвият бахшида, Нақшаи чорабиниҳои муштарак барои солҳои 2024 – 2025 дар фурсати наздиктарин ба имзо расонида шавад.

 АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2023 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд