ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дар Душанбе бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ байни Тоҷикистон ва Урдун доир мешавад

Ноябрь 16, 2023 11:15

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии якуми дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо дастаи мунтахаби яккачини Урдун баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» 21 ноябр дар шаҳри Исломобод бо дастаи мунтахаби Покистон рақобат менамояд. Дар асоси натиҷаи даври дуюми интихобӣ ғолибони нуҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

Хотиррасон мешавем, ки имрӯз, 16 ноябр, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо либоси сафед ва дастаи мунтахаби Урдун бо либоси сурх вориди майдони рақобат мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд