ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҳамадонӣ ба мавсими сармо омода аст
ДУШАНБЕ, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамагӣ 215 километр роҳҳо мавҷуд аст, ки аз ин 13 километр роҳҳои байналмилалӣ, 13,1 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 189 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд. Кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои зимистонгузаронӣ ҳамаҷониба омодагӣ дидаанд.
Тавре сардори муассиса Фазлиддин Мисайнов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, барои гузаронидани фасли зимистон дар айни замон дар муассиса 396 куб маводи зидди лағжиш, 1200 литр сӯзишворӣ ва 4 куб ҳезум захира шудааст, ки баробар ба 100 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.
Гуфта шуд, ки аз моҳи январ то моҳи октябри соли равон аз ҳисоби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва суратҳисоби махсуси муассиса корҳои таъмиру нигоҳдорӣ ба анҷом расонида шуданд, ки маблағи он 888 ҳазору 390 сомониро ташкил медиҳад.
Дар Ҷамоати Меҳнатобод бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 4 километр роҳ пурра асфалтпӯш гардид. Ҳамин тариқ, дар 10 моҳи соли равон 44,33 км роҳҳо таъмири ҷорӣ ва 162,12 км роҳҳои рафтуо таъмир гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 157 километр зиёдтар таъмири ҷорӣ шудааст.
Фазлиддин Мисайнов дар идомаи суҳбат гуфт, ки «дар ин давра 850 м2 таъмири чуқуричаҳо бо омехтаи сиёҳ, гузоштани 69 аломати роҳ, таъмири 3 пул аз ҷумлаи корҳои анҷомдодаи муассиса мебошанд.
Дар айни замон дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 42 корманд фаъолият намуда, бо либоси махсуси корӣ таъмин мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






