OPEN INTERNATIONAL ASTRONOMIA (OWAO 2023). Хонандагони тоҷик ғолиби ин олимпиада гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар «Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия» Open International Astronomia (OWAO 2023) дар байни 14 давлати дунё иштирок намуда, ғолиб гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия» 14-22 ноябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия аз фанни астрономия баргузор гардида, намояндагони 14 давлатро муттаҳид намуд. Дар мусобиқаи зеҳнӣ 79 нафар аз Русия, Перу, Эрон, Беларус, Тоҷикистон, Узбекистон, Венесуэла ва ҳафт давлати дигар дар шакли ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок намуданд.
Олимпиада дар чор давр: даврҳои мушоҳидавӣ, амалӣ, назариявӣ ва экспресс — тур баргузор шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар аз Литсей барои хонандагони болаёқати ноҳияи Сино иштирок намуда, сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ: як ҷойи 2-юм, як ҷойи 3-юм ва як ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ин маротибаи аввал аст, ки хонандагони тоҷик дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни астрономия Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Олимпиадаи Open International Astronomia (OWAO 2023) имрӯз анҷом ёфта, ғолибон бо медалҳо мукофотонида мешаванд ва имкони шиносоӣ бо иншооти инфрасохтори кайҳонии Федератсияи Русияро пайдо менамоянд.
АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






