ОЁ СОҲИБКОРОН АЗ ИМТИЁЗУ САБУКИҲОИ МУҚАРРАРШУДА БА ПУРРАГӢ ОГОҲАНД? Ин масъаларо дар Маркази тадқиқоти стратегӣ баррасӣ намуданд

Ноябрь 29, 2023 18:05

ДУШАНБЕ, 29.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Масъалаҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода зимни конфронс гуфт, ки «дигар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳое, ки дар доираи соҳибкорӣ ба амал омадаанд, дар рушди соҳибкории мамлакат нақши хеле муҳим гузоштаанд. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ зина ба зина рушд меёбад».

Иброз гардид, ки хар қадаре, ки бахши хусусӣ, яъне соҳибкории истеҳсолӣ рушд намояд, ҳамон андоза имконияти рушди мо барои соҳаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин мешавад.

Ба гуфтаи Директори марказ, вобаста ба супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дода шуд, мутахассисони марказ таҳлилҳоеро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон оид ба вазъи фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ ба анҷом расонидаанд.

«Аз натиҷаи ин омӯзишҳо Раёсати омӯзиши масъалаҳои соҳибкории хусусии марказ муайян намуд, ки қисми зиёди соҳибкорони мо, мутаассифона, аз имтиёзу сабукиҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат бархурдор нестанд. На ҳамаи соҳибкорон қобилияту маҳорати пурра донистану истифода бурдани ин сабукиву имтиёзҳои додашударо доранд. Дар ин маврид мо ба баъзе вазорату идораҳо гузоришҳо пешниҳод намудем, то барои баланд бардоштани маърифати фаъолияти соҳибкории соҳибкоронамон корҳои машваратию омӯзишӣ гузаронанд», — афзуд ӯ.

Иброз гардид, ки дар шароите, ки 70 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, қариб 80 дарсади пардохти андозӣ, 67 фисади ба шуғл фаро гирифтани аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъоли ҷумҳурӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ- соҳибкорӣ таъмин мегардад. Аз ин нуқтаи назар ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошта ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ вобаста мебошад.

Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Марказ Амин Одинаев изҳор намуд, ки истеҳсолоти инноватсионӣ дар пешрафти иқтисоди миллӣ нақши бориз дорад. Вале дар ин самт ҳоло барномаи мушаххаси дигаре ба ғайр аз «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, ба таври алоҳида таҳия ва қабули барнома ё Стратегияи махсуси рушди соҳибкории инноватсионии истеҳсолӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Ба гуфтаи коршинос, масъалаи дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои имтиёзноки бонкӣ низ муҳим боқӣ мемонад.

«Боло бурдани фоизи қарз ва хадамоти бонкӣ боиси дастнорас будани онҳо ба аксари аҳолӣ ва соҳибкорон гаштааст. Дар умум, дастнорасии қарзҳои бонкӣ, андозҳои зиёд, қиматшавии маводи минералӣ, об ва дигар воситаҳои кумакрасон то андозае ҳавасмандии соҳибкоронро ба рушди  истеҳсолот коҳиш медиҳад. Ҳол он ки бояд бештари маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои нави ба истифода додашаванда ба содирот нигаронида шавад», — афзуд ӯ.

Таъкид гардид, ки ҳоло дар назди Тоҷикистон доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, табдил додани мамлакат ба давлати транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва тавсеаи имконияти шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бар пояи рушди соҳибкориии инноватсионӣ вазифаҳои асосӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ то соли 2030 якчанд нишондиҳандаҳои мақсаднок бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкории инноватсионӣ  муайян шудаанд, ки дар заминаи он беш аз 3 баробар афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, тавсеаи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ, беш аз ду баробар паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва то 50 дарсад баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар назар дошта шудааст. Ба андешаи мо, чунин вазифагузорӣ тақозо менамояд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, тавассути такмили низоми дастгирии бахши хусусию соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории инноватсионии истеҳсолӣ диққати аввалиндараҷа  зоҳир шавад.

Дар ин замина бояд гуфт, ки 28 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Шуро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҷаласаи XXIII Шуро баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, чун яке аз омилҳои асосӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат пазируфта шудааст.

Иброз гардид, ки Шурои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун майдони муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади беҳтар сохтани  фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ таъсис дода шуда, дар муддати фаъолияти он ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ ислоҳоти фарогир амалӣ гардидааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2023 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Зайнулло Шарифзода президенти нави дастаи футболи «Вахш»-и Бохтар гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо ҷалби сармояи Кореяи Ҷанубӣ маркази логистикӣ бунёд мешавад
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 84 фоиз афзоиш ёфт
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Ҷаласаи гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон намоиши «Энергетика дар давраи гузариш-равонбахши фардо» баргузор мешавад
Дастаи «Равшан» аввалин маротиба Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор намуданд
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт Мусобиқаи 5-уми байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамкориро оид ба рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон тақвият медиҳанд
«ҶОМИ РУШД-2024». Иштироки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ин мусобиқа ба анҷом расид
ФУТБОЛ. Шаҳром Самиев фаъолияташро дар дастаи «Андиҷон»-и Узбекистон идома медиҳад