ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Хоруғ корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб ва коркарди меваи хушк бунёд мешаванд

Ноябрь 21, 2023 17:56

ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар марҳилаи нави рушд қарор дошта, давоми ду соли охир бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон корхонаҳои зиёде ба фаъолият шуруъ намуданд, ки ин иқдом минбаъд низ идома меёбад. Ин нуктаро Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасибҳо ва маҳсулоти ширӣ ва коркарди меваи хушк, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар маҳаллаи Баракати шаҳри Хоруғ бунёд мешаванд, иброз дошт.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ аз ин иқдоми соҳибкорон изҳори хушнудӣ намуданд.  Иброз гардид, ки имрӯзҳо чунин корхонаҳои бузург на танҳо дар шаҳри Хоруғ, балки дар дигар ноҳияҳои вилоят низ ба нақша гирифта шудаанд. Баъди ба анҷом расонидани корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасибҳо ва маҳсулоти ширӣ ва коркарди меваи хушк 50 нафар соҳиби кори доимӣ мешаванд.

Баъди ба истифода супоридани ин ду корхонаи бузург  маҳсулоти онҳоро метавон ба дигар давлатҳо содирот намуд.

Гуфта шуд, ки ҳар иқдоми неке, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар вилоят амалӣ мешавад, албатта, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Бадахшон равона мегардад.

Ҳамзамон роҳбарони вилоят ва шаҳр  бо фаъолияти кории корхонаи сангбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помирстоун» дар маҳаллаи Андарситез шинос шуда, ба фаъолияти он баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло корхона бо маблағи 1 500 миллион  сомонӣ таҳҷизоти нав дастрас намуда, баъд аз васлу насби ин таҳҷизот метавонем теъдоди коргаронро ба 25 нафар расонад.

Ҳоло дар ин корхона нуҳ нафар фаъолият доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ноябрь 21, 2023 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд