Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми «Арча»-ро ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 15, 2023 11:39

ДУШАНБЕ, 15.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча”-ро, ки дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Бо мақсади зиёд намудани навъу намудҳои маҳсулот, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва тақвияти ҳаҷми содиротӣ муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания” бо таъсису ба кор даровардани коргоҳи нав, ки дар он асосан курсиҳои нарм ва мебелҳои чӯбин истеҳсол мешаванд, дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррасу шоиста мегузоранд.

Аснои шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисон иттилоъ доданд, ки барои омода намудани курсиҳои мулоим ва мебелҳои чӯбин аз Италия ва Туркия 47 дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни муосир оварда, васлу насб шуд.

Дар коргоҳи нав имконияти истеҳсоли то 100 номгӯй курсиҳои нарм ва мебелҳои махсуси чӯбин мавҷуд буда, 60 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд, ки бештар аз 40 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Дар маҷмуъ иқтидори солонаи коргоҳ 30 ҳазор курсии мулоими гуногун буда, раванди тавлиди маҳсулот дар алоҳидагӣ аз чанд марҳила, аз ҷумла коркард ва омода намудани чӯби табиӣ, муайянсозии андозаи қисмҳои курсӣ, суфтакунӣ, ороиш бо ранг ва дигар маводи зарурӣ, интихоб ва дӯхти матоъ бо тарҳи зебою ҷолиб иборат мебошад. Масъулони коргоҳ иброз доштанд, ки марҳила ба марҳила бо истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидору имконияти мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ мерасонанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи коргоҳҳои ҷамъият, аз ҷумла дару тиреза, мебелҳои гуногун барои хона, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ, курсиҳои мулоим ва дигар маводи ороишии аз чӯб омодашударо тамошо намуда, ба сифати онҳо баҳои баланд доданд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ содироти курсиҳои мулоим ва мебелҳои чӯбин ба хориҷи мамлакат амалӣ шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания”-ро ба он ҳидоят намуданд, ки бозори дохилию хориҷиро ҳамаҷиҳата омӯхта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридотро зиёд намоянд.

Ба кор даровардани коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча” дар шаҳри Хуҷанд 15.11.2023

Ноябрь 15, 2023 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад