Портали миллии сайёҳии Тоҷикистон дар таҳрири нав мавриди истифода қарор дода шуд

Ноябрь 27, 2023 15:32

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи портали сайёҳии Тоҷикистон www.traveltajikistan.tj дар таҳрири нав баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Раиси Кумита иброз намуд, ки портали миллии такмилёфтаи сайёҳӣ идомаи талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муаррифии имконияти бузурги сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат мебошад.

Портал дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияташ махдуди  «Сомон Технолоҷи» дар шакл ва тарҳи нав бо истифода аз равзанаҳои муҳими иттилоотию таблиғотӣ таҳия шудааст.

Портал тамоми самтҳои фаъолияти сайёҳии Тоҷикистонро фаро гирифта, воситаи хуби иттилоотӣ барои сайёҳон ва алақамандони  мамлакат мебошад. Дар саҳифаи аввали портал бо навиштаҷоти «Тоҷикистон- сарзамини кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои абадӣ, чашмаҳои шифобахш, оби пок ва фарҳанги бостонӣ» бо тағйир ёфтани аксҳои ҷолиб бинанда ҷолибияти имконияи мамлакатро эҳсос менамояд.

Дар портал маълумоти пурра оид ба имконоти сайёҳии Тоҷикистон, минтақаҳо (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва равзанаҳои иттилоотии зерин, аз қабили «Намудҳои сайёҳӣ», «Хатсайрҳо», «Чорабиниҳо/Ҷашнҳо», «Дастур барои сайёҳ» (асъор, нақлиёт,  меҳмонхона, раводид) ҷойгир шудааст.

Инчунин ба он равзанаҳои алоҳидаи «Истисноҳои муфид», «Тағйирёбии шароити обу ҳаво дар реҷаи онлайн», «Тағйирёбии шароити қурби асъор дар реҷаи онлайн» ва ғайра дохил мешаванд, ки барои истифодабарандагон, бахусус сайёҳони хориҷӣ хеле муфид аст.

Портали сайёҳии Тоҷикистон бо 3 забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода ва ба сайёҳони хориҷию дохилӣ нигаронида шуда, ба смартфонҳо ва планшетҳо мутобиқ шудааст.

Портали миллии сайёҳӣ қадами хеле зарурӣ барои таъмини сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ бо маълумоти босифат ва боэътимод дар бораи мавзеъҳои сайёҳии давлати мо мебошад. Дар ин ҷо барои дӯстдорони кӯҳҳо, обу чашмаҳо, табиат, таърих, меъморӣ, дин, экология, ҷуғрофиё, этнография ва дигар соҳаҳо маълумоти зарурӣ мавҷуд мебошад.

Бояд гуфт, ки сафар ба Тоҷикистон бо истифода аз портали сайёҳӣ метавонад барои ҳар сайёҳ хотираи гуворое аз саргузашти воқеии ҳаёт бошад. Яъне, портал воситаи хуби банақшагирии сафар барои онҳое мебошад, ки мехоҳанд давлати зебои моро тамошо намоянд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2023 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид