Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди шишаи ҶДММ «Шишакор»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди шишаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишакор”-ро ба истифода доданд.
Корхонаи коркарди шиша дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи шоистаи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкорон Умархӯҷа Бузруков ва Нуриддин Ҳусайнов бунёд шуд.
Иқтидори иншооти нави саноатӣ коркарди то 8 ҳазор метри мураббаъ шиша дар як моҳ мебошад. Дар сурати комилан фаъол намудани марҳилаҳои дигари корхона имконияти коркарди то 27 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ дар як моҳ фароҳам меояд.
Дар айни замон дар корхона 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд ва бо ба истифода додани хатҳои дигари истеҳсолӣ теъдоди коргарон ба 50 нафар расонида мешавад. Қисми зиёди амалиёти коркарди шиша ба таври худкор ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ашёи хом аз хориҷ ворид шуда, мавриди коркард қарор дода мешавад. Тавассути технологияи рақамӣ шишаҳо дар ҳамин корхона ба дуҷилдаву сеҷилда ва чорҷилда табдил дода шуда, ба иқлими минтақа мутобиқ гардонида мешаванд. Дар корхона шишаҳои сохтмонии рӯйпӯшшудаи мултифунксионалӣ коркард шуда, ҷузъҳои мураттабу зебо бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол мешаванд.
Маҳсулоти ҶДММ “Шишакор” барои истифода дар қисматҳои ҳимоявии зинапояҳои замонавӣ, пештоқи иншоот, шишабандии қисмҳои берунии бино, бунёди биноҳои баландошёна бо усули шишабандӣ, гузоштани нақшу нигор дар рӯи шиша, оинабандии дохили биноҳо ва дигар таҷҳизоти маишӣ барои хонаҳои истиқомативу идорӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти ҶДММ “Шишакор” аз давлатҳои Италия, Русия ва Чин ворид шуда, технологияи навтарин дониста мешавад. Корхона бо иқтидор, сифати маҳсулоти истеҳсолӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ва дар Осиёи Миёна яке аз беҳтаринҳо мебошад.
Айни замон дар мамлакат 4 корхонаи коркарди шиша амал мекунад, ки дар соли 2022-юм 8,9 ҳазор метри мураббаъ, ба маблағи 2,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар даҳ моҳи соли равон ин корхонаҳо ба андозаи 20,5 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Воридоти шишаи сохтмонӣ бошад, дар ин давра 30,466 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Дар ҷумҳурӣ арзиши шиша барои як метри мураббаъ 200 сомонӣ буда,талабот ба он дар як сол вобаста ба ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 4 миллион метри мураббаъ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ перомуни дастгириҳои давлатии бахши хусусӣ ба хотири саҳмгузории бештар ҷиҳати саноатикунонии босуръати мамлакат ибрози андеша намуда, ба фаъолияти иқтидори нави истеҳсолӣ баҳои баланд доданд ва ташаббуси созандагии соҳибкоронро дар самти пайгирии иқдоми бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот намунаи волои ватандӯстӣ арзёбӣ намуданд.









Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ бо корҳои ободонию созандагӣ ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта шинос шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Балҷувон 180 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Кувайт ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил гардиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ «Тиглат»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд






