Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии «Аксон»-и ҶДММ «Наргиз»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 15.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргиз”-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Маркази ташхису табобатии “Аксон” дар бинои сеошёна дар ҳудуди беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи Сангин Қутфиддинов баъди навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис шудааст.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраи машваратии пеш аз бистарикунонӣ, толори ҷарроҳии эндовидеоӣ, толори ҷарроҳии лазерии рагҳои хунгарди пой, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, ҳуҷраҳои бистарӣ бо 72 кат мавҷуд мебошанд.
Дар ошёнаи сеюм маъмурияти маркази ташхисию табобатӣ фаъолият мебарад. Дар таҳхонаи муассиса озмоишгоҳҳои клиникавию биохимиявӣ, шуъбаи физиотерапевтӣ, ҳуҷраҳои ташхисии сабти барқии дил, ултрасадо, колоноскопӣ ва ғайра амал менамоянд, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд. Дар маҷмуъ барои Маркази нави ташхисию табобатии «Аксон» ба маблағи 2 миллион сомонӣ таҷҳизоту лавозимоти замонавии ташхисию табобатӣ харидорӣ шудааст.
Дар ин муассисаи нави тиббии хусусӣ 50 табиби соҳибтахассус ва кормандони миёнаи тиб ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Барои табобати амбулаторӣ ва беморони бистаришуда дар марказ табибони ҷарроҳ, амрози дарунӣ, мутахассисони дилшинос ва равоншинос, табибони гӯшу гулӯ ва бинӣ, духтури амрози занона ва момологҳо, дандонпизишк ва мутахассисони озмоишгоҳҳо фаъолият менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти муосири тиббӣ иқдоми муассиси Маркази ташхису табобатии “Аксон” соҳибкор Рустам Усмоновро саҳмгузорӣ дар рушду баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ доштанд ва кормандони марказро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ин шароит ба хизмати софдилона ба халқ ва муомилаю муоширати хуб бо беморон ҳидоят намуданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд






