Рӯзи Парчами давлатиро дар Кӯлоб бо роҳпаймоӣ ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони касбу кори гуногун роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ ҷиҳати таҷлили шоистаи Рӯзи Парчами давлатӣ дар кӯчаҳо, гулгашту хиёбонҳо, биноҳои маъмурию корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо шиору овезаҳо насб шудаанду кормандони тамоми соҳаҳо ба раҳпаймоии осоишта мебароянд.
Таҷлили шоистаи ин рӯз на танҳо рамзи давлатдорию ифтихор аз он, балки рамзи худшиносиву худогоҳӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофари тоҷик маҳсуб мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






