Раиси шаҳри Турсунзода бо корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимӣ шинос гардид
ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода корҳои сохтмонии бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30, воқеъ дар деҳаи Сешанбеи Ҷамоати деҳоти Сешанбе идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дар асоси Созишномаи грантӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Тибқи нақша, бинои нави муассиса аз 8 синфхона иборат буда, дар ду баст 400 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад.
Бояд гуфт, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаи маориф ва беҳтарсозии шароити таълиму тарбия барои хонандагону омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, биноҳои замонавии ҷавобгӯ ба талабот сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ин иқдом барои дар оянда ба камол расидани ҷавонони ватандӯсту ташаббускор ва донандаи забонҳои хориҷӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






