Раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос шуд

Ноябрь 18, 2023 11:30

ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои сохтмони бинои нави иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69, ки дар деҳаи Тағойободи Ҷамоати деҳоти Обшорон воқеъ аст, шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Бино бо тарҳи нави замонавӣ барои 640 хонанда дар ду баст аз ҳисоби буҷаи ноҳия ва саҳми маҳал, ҷамъ бо маблағи 3 миллион сомонӣ сохта шуда, он аз 16 синфхона, хонаи омӯзгорон, утоқи кории директор, майдончаи варзишии замонавӣ иборат мебошад. Дар айни замон дар ошёнаи якум корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар ошиёнаи дуюм корҳо бомаром идома доранд.

Таъкид гардид, ки корҳои ободонӣ дар иншооти ҷашнӣ тезонида шаванд ва дар амалӣ шудани ин иқдом, қабл аз ҳама, роҳбарон намунаи ибрат бошанд.

Раиси вилоят ҳамчунин дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни коркарди ҳосили пахтаи соли 2023 дар корхонаи ҶДММ  «Ист Коттон НФР» шинос шуд.

Гуфта шуд, ки Корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Ист Коттон НФР» (собиқ ҶДММ «Эком») дар деҳаи Тағойободи Ҷамоати деҳоти Обшорон бо ҷалби сармояи хориҷӣ соли 2012 бунёд гардида, ба фаъолият шуруъ намудааст. Соли 2014 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тоҷиддин Абдуллоев харидорӣ гардида, таҳти номи ҶДММ «Ист Коттон НФР» фаъолият дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона коркарди 30 ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад. Дар баробари ба фаъолият шуруъ намудани корхона то 50 нафар бо кори мавсимӣ таъмин гардидаанд.

Корхона аз ҳосили пахтаи соли 2023 ба миқдори 1378 тонна пахта қабул намуда, ба миқдори 510 тонна нахи соф, 698,6 тонна пунбадона ва 26,8 тонна тибит истеҳсол намудааст. Аз ҳосили пахтаи соли равон то инҷониб ба миқдори 2878 тонна пахта қабул намуда, ба ҳолати 1 октябр 169,5 тонна нахи пахта, 238 тонна чигит ва 13,4 тонна тибит истеҳсол намудааст.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 18, 2023 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

БАҚОИ ТОҶИК ЗАБОНИ ТОҶИК АСТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Дар ноҳияи Ашт ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 45-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии ИДМ суханронӣ намуд
Ҳайати бонуфузи гурӯҳи Шурои директорони Бонки Осиёии Рушдро шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик ба ҳайрат овард
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади идона доир шуд
«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе Рӯзи забони давлатӣ таҷлил шуд
4 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲАЙВОНОТ. Ба Китоби сурхи Тоҷикистон 222 намуди ҳайвонот дохил карда шудаанд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бо тадбирҳои бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос гардид
Ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи забони давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор иштирок доранд