Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия гулчанбар гузоштанд

Ноябрь 21, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз гардид.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар макони “Александровский сад” қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буд.

Коменданти ҳарбии шаҳри Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониёни роҳи озодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони Федератсияи Русияро пос доштанд. Сипас, баъд аз садоҳои бонг ва дақиқаи хомӯшӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид.

Баъд аз анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ қаровули фахрӣ бо қадамзании мутантан аз назди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокдорони маросими гулчанбаргузорӣ гузашт.

Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия ҳамроҳӣ намуданд.
Гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия 21.11.2023

Ноябрь 21, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд