Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — шаҳраки Ғафуров дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.
Майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар мавзеи марказии шаҳраки Ғафуров дар масоҳати 1,2 гектар дар асоси лоиҳаи ҷолиб ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бунёд шудааст.
Бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.
Пояи Парчами давлатӣ бо баландии 54 метр сохта шуда, дарозии матои Парчами миллӣ 14 метр ва паҳноии он 7 метр мебошад.
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ бахшиданд.
Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 27 метр ва қутраш 2,4 метрро ташкил медиҳад.
Майдони назди пояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ бо тахтасангҳо аз санги хоро ороиш дода шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба пояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ гулчанбарҳо гузоштанд.
Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ рамзҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Рамзҳои муқаддаси миллӣ мояи ифтихору сарбаландӣ ва шарафмандии шаҳрвандони давлати соҳибистиқлол буда, ин рамзҳои давлатӣ ҳамагонро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолияти миллӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба тамаддуну фарҳанги қадимӣ, корҳои созандагӣ баҳри рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд






