Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд

Ноябрь 11, 2023 16:32

ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ рӯзи чоршанбе дар Пекин фаъол гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттило медиҳад.

Ташаббускори таъсиси он Академияи давлатии маъмурии Чин мебошад. Он яке аз натиҷаҳои муҳими нишасти «Чин-Осиёи Марказӣ» гардид, ки моҳи майи соли равон дар Сиан баргузор шуда буд.

Аъзо-муассисони шабака инчунин Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Академияи хизмати давлатии назди Президенти Туркманистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба шумор мераванд.

Шабака баи рушди ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурӣ дар соҳаҳои фаъолсозии мубодила, таҳкими ҳамкорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои умумӣ барои мақсадҳо замина мешавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 11, 2023 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тирпаронӣ дар Лас-Вегас се нафар ҳалок шуданд
Ҳар панҷумин кӯдак дар 40 давлати сарватмандтарини ҷаҳон қашшоқона умр ба сар мебарад
Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст