«СОЛИ САЙЁҲӢ 2023». Форуми Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Урумчии Чин мегузарад

Ноябрь 24, 2023 13:04

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 ноябр дар яке аз марказҳои асосии сайёҳии Чин — шаҳри таърихии Урумчии Ноҳияи Мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Соли сайёҳӣ 2023» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки Форуми Созмони ҳамкории Шанхай «Соли сайёҳӣ-2023» нахустин ҳамоиши мавзуӣ аз ҷониби Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳукумати халқии Ноҳияи Мухтори Шинҷон- Уйғур дар Чин дар чаҳорчӯби Соли сайёҳии Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки аз ҷониби сарони давлатҳо зимни баргузории ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо мақсади дастгирии соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди Созмони ҳамкории Шанхай эълон шуда буд.

Форум дар намоишгоҳи марказии Урумчӣ доир шуда,  роҳбарони маъмурияти сайёҳӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҳукуматӣ ва доираҳои соҳибкорӣ, коршиносони соҳаи сайёҳӣ ва дипломатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро барои баррасии ташаббусҳои муштарак баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ҷамъ овардааст.

Дар доираи форум 4 бахши мавзуӣ дар самтҳои зерин ба нақша гирифта шудааст: «Иқтидори сайёҳии фазои Созмони ҳамкории Шанхай», «Иқтидори сайёҳии Ноҳияи Мухтори Шинҷон-Уйғур», «Пешбурди сайёҳии устувор» ва «Рушди сайёҳӣ ҳамчун омили паст намудани сатҳи камбизоатӣ».

Ҳадафи аслии ҳамоиш мусоидат ба рушди бахши сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, эҷоди лоиҳаҳо байни гурӯҳҳои кишварҳои аъзо, инчунин ташаккули фазои умумии сайёҳӣ мебошад.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ намояндагони сохторҳои марбута, ширкатҳои сайёҳӣ, субъектҳои сайёҳӣ ва  воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.

Намояндагони мамлакат бо ҳамтоёни хориҷӣ масъалаҳои муҳими соҳаи сайёҳӣ, дарёфти роҳҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва дигар мавзуъҳои мавриди назарро баррасӣ менамоянд.

Дар доираи форум меҳмонон ҳамчунин бо мавзеъҳои табиию таърихӣ ва фарҳангии Ноҳияи Мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос мешаванд.

Форуми Созмони ҳамкории Шанхай «Соли сайёҳӣ-2023» то 26 ноябр идома меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2023 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд