ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, панҷшанбе, 327-умин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 23, 2023 08:00

Соли 2006 дар Тоҷикистон аввалин Намоиши байналмилалии саноати хӯроквории «Inter Food Tajikistan — 2006» баргузор гардид.

***

23 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро имзо  намуданд.

***

23 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Федератсияи Русия созишномаи байниҳукуматӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани намояндагии муштараки хадамоти гумрук тасдиқ намуд.

 ***

23 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса баргузор гардид.

***

23 ноябри соли 2018 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 21 ноябр бахшида ба рӯйдоди муҳими таърихӣ, яъне маросими оғози кори агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар мавзуи «НБО-и  «Роғун» — дастрасии дарозмуддат ва устувори обу неру дар минтақа»  конфронс баргузор гардид.

***

23 ноябри соли 2021 ҳайати 60-нафараи доираҳои тиҷоратию сармоягузории Ҷумҳурии Корея, ки  дар соҳаҳои саноати мошинсозӣ, бофандагӣ, нассоҷӣ,  тандурустӣ,  сайёҳӣ, технологияҳои  иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ва хизматрасонӣ фаъолият доранд, ҷиҳати иштирок дар Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба Душанбе омад.

***

23 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуданд.

 23 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Дар Қазоқистон- Рӯзи полиси роҳ.

***

Дар Ҷопон – Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Соҳиб Табаров — мунаққид ва адабиётшинос, номзади илми филология (1949), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1953). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991). Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1991), доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Ноябрь 23, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 март, ҷумъа, 61-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 феврал, панҷшанбе, 60-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, чоршанбе, 59-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, сешанбе, 58-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 феврал, душанбе, 57-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, якшанбе, 56-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, шанбе, 55-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, ҷумъа, 54-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, панҷшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, чоршанбе, 52-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, сешанбе, 51-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, душанбе, 50-умин рӯзи соли 2024 аст