ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН-2023. Пагоҳ дар Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 01.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 4 ноябр дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон – 2023» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад. Дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ 2 ноябр, соати 09:00 бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва меҳмонони хориҷӣ доир мегардад.
Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» аз ҷумлаи намоишҳои бузургмиқёсе аст, ки давоми 10 сол тамғаҳои миллиро муайяну қадрдонӣ менамояд. Ин намоиш дар заминаи сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон амалӣ гардида, мақсади он дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тарғиби маҳсулоти онҳо дар мамлакат ва берун аз он мебошад. Ин иқдом ба он мусоидат намуд, ки тамғаи корхонаҳо шинохта шуда, маҳсулоташон ташвиқ ва доираи харидоронашон зиёдтар гардад.
Бояд гуфт, ки ин лоиҳа аз ҷониби Оҷонсии таблиғотии «Тайрон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оила» соли 2013 ташкил шуда, тӯли 10 сол аст, ки дар байни соҳибкорони ватанӣ нуфуз ва эътибори баланд дорад.
Ба иттилои роҳбари лоиҳа, директори Оҷонсии таблиғотии «Тайрон» Шаҳноз Ҳамдамова, дар ин муддат чандин ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ аллакай муаррифӣ шуда, тамғаи онҳо ҳамчун бренди боэътимод аз ҷониби харидорон шинохта ва доираи тиҷорату хизматрасониҳояшон васеъ гардид.
«Ин ширкатҳо таҷрибаи иштирок дар намоиш-фурӯшҳои калонро пайдо намуда, аллакай дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ бренди миллии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, ки ба ғанӣ гаштани буҷаи мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд», — гуфт Шаҳноз Ҳамдамова.
Дар доираи лоиҳа ҳамасола намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад. Ҳар сол дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта мешавад. То имрӯз лоиҳа ҳудуди 300 ширкати истеҳсолкунандаи ватаниро ба харидорон муаррифӣ намудааст.
АКС аз бойгонӣ








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






