Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаи омода намудани мутахассисонро дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва техникӣ баррасӣ намуданд

Ноябрь 30, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Кабинети вазирони Ҷумҳурии Узбекистон Аҳмадбек Юсупов мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои истифодаи имконияти васеи ду мамлакат изҳори назар намуда, ҷиҳати омода намудани лоиҳаи созишнома дар соҳаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба густариш бахшидани ҳамкорӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва техникӣ, аз ҷумла технологияи рақамӣ табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд