Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш бори аввал 7 варзишгар муаррифӣ менамоянд

Ноябрь 17, 2023 08:42

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 28 ноябр дар шаҳри Ашқободи  Туркманистон Чемпионати 14-уми ҷаҳон оид ба кураш -2023 баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бори аввал дар таърихи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш 7 гӯштингири тоҷик иштирок менамояд.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни духтарон) баргузор мегарданд. Дар мусобиқа 400 варзишгар аз 57 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кг, Наврӯзи Каримзод дар вазни то 73 кг, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни то 81 кг, Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг, Фирдавс Насимов дар вазни то 100 кг ва Хуршед Маҷидов  дар вазни ҷамъи 100 кг муаррифӣ менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 17, 2023 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд