Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш бори аввал 7 варзишгар муаррифӣ менамоянд

Ноябрь 19, 2023 10:53

ДУШАНБЕ, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 28 ноябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Чемпионати 14-уми ҷаҳон оид ба кураш -2023 баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бори аввал дар таърихи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш 7 гӯштингири тоҷик иштирок менамояд.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни духтарон) баргузор мегарданд. Дар мусобиқа 400 варзишгар аз 57 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кг, Наврӯзи Каримзод дар вазни то 73 кг, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни то 81 кг, Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг, Фирдавс Насимов дар вазни то 100 кг ва Хуршед Маҷидов  дар вазни ҷамъи 100 кг муаррифӣ менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 19, 2023 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд