Вазири маориф ва илм бо роҳбари намояндагии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон (БОҶ СММ) Адҳам Мусаллам вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҷонибҳо аз рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ изҳори қаноатмандӣ карда, дастгириҳои Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ-ро дар Тоҷикистон дар татбиқи барномаи ғизои мактабӣ таъкид намуданд.
Адҳам Мусаллам изҳор дошт, ки Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон ҳамеша ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ва тавсеаи ҳамкорӣ сабаби пешрафту тараққиёти ҷонибҳо мебошад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






