Вазорати кишоварзӣ: Дар Тоҷикистон беш аз 804 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. То 1 октябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 804 496 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба 1 октябри соли сипаригарида 29640 тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.
То 1 октябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар 58566 гектар картошка кишт шуд, ки нисбат ба соли гузашта 2474,5 гектар зиёд мебошад.
Тавре қаблан хабар додем, дар нимсолаи аввали соли равон олимони соҳаи физиология ва генетикаи растанӣ бо истифода аз усулҳои биотехнологӣ ва селексионии муосир роҳҳои ба даст овардани тухмиҳои аълосифати суперэлита ва элитаи зироати картошкаро коркард намуда, дар шароити таҷрибавӣ озмоиш намуданд. Навъҳои картошкаи ба гармию хушкӣ тобовари «Тоҷикистон», «Рашт» ва «Ан-1», ки ҳосилнокии онҳо 37-41 т/га-ро ташкил медиҳад, ба даст оварда шуд. Навъи картошкаи «Тоҷикистон» ба сифати навъи стандартӣ қабул шуда, дар майдони васеъ кишт мешавад.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар дунё қариб 3 ҳазор намуди картошка парвариш мешавад, ки дар Тоҷикистон 15 намуди он маъмул аст. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, дар дунё 52 фоизи ҳосили картошка барои ғизои одамон, 34 фоиз барои хӯроки ҳайвонот, 10 фоиз барои тухмӣ ва қариб 4 фоиз барои истеҳсоли крахмал ва спирт сарф мегардад.
Технологияи парвариши кишти картошка
Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка дар системаи киштгардон ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мегарданд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров тавсия медиҳад, ки кишти баҳории картошка дар водиҳо аз нимаи моҳи феврал ва аввали март оғоз гардида, то охири моҳи март гузаронида мешавад.
Ба гуфти мавсуф, дар кишти баҳорӣ картошкаи тухмиро як моҳ пеш аз кишт омода менамоянд. Бо ин мақсад лӯндаҳои тухми картошкаро аз ҷои салқин ба ҷои то 12-15 дараҷа гарму равшан, вале нури Офтоб намерасидагӣ (намнокии ҳаво бояд аз 85 то 90 фоиз бошад), бароварда, 2-3 қабат рехта, 20-25 рӯз нигоҳ медоранд ва онҳоро дар ин давом барои инкишофи нешакҳо рӯйгардон менамоянд. Лӯндаҳои картошкаро дар фосилаҳои 18-20 см ва дар чуқурии 8-10 см бояд кишт кард. Баъди кишт ба рӯи ҷӯякҳо пошидани пору ба миқдори 7-10 тонна дар як гектар тухмиҳоро аз шароити номусоиди обу ҳаво нигоҳ медорад.
Доктори илмҳои кишоварзӣ иброз медорад, ки «технологияи парвариши кишти картошкаи барвақтӣ аз картошкаи мавсимӣ фарқ дорад. Марди деҳқон пеш аз кишти картошка бояд заминро хуб омода ва бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намояд. Нозукии асосии кишти картошка дар он аст, ки фасли сарморо ба назар гирифта, лӯндаҳои картошкаро дар чуқурии 15 ё 16 см дар қаторҳо мешинонем. Инчунин теғаи болои картошка ва ду атрофи лӯндаи картошка бояд ҳамин андозаро дошта бошад. Дар кишти барвақтии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро ташкил диҳад ва ҳамроҳ бо нуриҳои минералӣ шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад. Ҳамчунин дар ҳолати шинонидани лӯлаҳои картошка бояд ҷӯякҳо аз қутби ҷануб ба шимол шинонида шаванд. Дар ҳолати баромадани Офтоб гармӣ бояд ба болои ҳамаи ҷӯякҳо таъсири хуб расонад. Инчунин лӯндаҳо дар ҳолати бориши борону барфи зиёд ва пас аз баромадани Офтоб бо гармӣ бояд баробар таъмин гарданд. Ин барои сабзиши картошка мусоидат мекунад».
Ба гуфтаи кишоварзон, дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш мешавад, ки навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.
Фоидаи картошка ба саломатии инсон
Ба тавсияи табибон, хусусияти хоси ин зироат дар он аст, ки миқдори зиёди витамини В6 дорад, дорои миқдори зиёди микроэлементҳо, аз қабили калий, мис, фосфор ва кислотаи никотин мебошад. Инчунин барои организм антиоксидант аст, зеро он дорои фитонутриент мебошад, ки пайвастагиҳои зарароварро тоза менамояд. Сафедаҳое, ки дар таркиби сабзавот мавҷуд ҳастанд, ба нест намудани радикалҳои озод мусоидат менамоянд ва он ба зебоӣ ва чандирии пӯст таъсир мерасонад, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ месозад.
Картошкаи бухорӣ барои кам намудани вазн кумак менамояд. Аммо бисёр истеъмол намудани картошкаи бирён вазни инсонро бештар месозад. Зеро дар он миқдори зиёди чарбҳо ва карбогидратҳо мавҷуд аст, ки ба афзоиши вазни бадан оварда мерасонад.
Картошка маҳсулоти арзишманде аст, ки аз микроэлементҳои барои бадани инсон муфид бой аст, аммо онҳоро бештар истеъмол намудан мумкин нест. Дар акси ҳол он метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаҳои боз