Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид

Апрель 8, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён, ки ҳамасола 8 апрел ҷашн гирифта мешавад, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Дар ҷамъомад Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода кормандони вазорат ва иқтисодчиёни мамлакатро бо ҷашни касбӣ табрик намуда, иброз намуд, ки имрӯз вазифаи калидии сиёсати иқтисодии давлат баланд бардоштани дараҷаи рақобатнокии иқтисоди миллӣ мебошад. Дар ин замина фаъолияти доимии кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо  маҳз ба ҳамин самт равона шудааст.

Гуфта шуд, ки бо татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, қабули қарорҳои дахлдор ва барномаю стратегияҳо рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола таъмин мегардад.

Дар ҳамоиш ба кормандони фаъоли вазорат барои хизматҳои арзанда ва шоиста Ифтихорнома тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар мамлакат 8 апрел Рӯзи иқтисодчиён ҳисобида мешавад.

АКС: Вазорати рушди иқисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд