35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом марказҳои стоматологӣ ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд
ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом маркази стоматологӣ ба истифода дода шуд, ки он аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бо сифати баланд бунёд ва бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар марказ 6 дандонпизишк фаъолият намуда, чанд нафари дигар баъди ба истифода додани бахши косметологӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо сатҳу сифати корҳо ва шароити марказ ба кори масъулин баҳои баланд дод. Таъкид шуд, ки дар мамлакат бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибби хусусӣ рушд намуда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад.
Ёдовар бояд шуд, ки соли 2023 дар вилоят сохтмон ва таъмиру навсозии 164 иншооти соҳа, аз ҷумла бунёди 36 иншоот ва таъмиру навсозии 128 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Дар 11 моҳи соли равон таъмири 93 иншооти соҳа, аз ҷумла 3 маркази саломатии шаҳрӣ, 6 маркази саломатии ноҳиявӣ, 12 маркази саломатии деҳот, 23 бунгоҳи тиббӣ, 42 беморхона ва шуъбаҳои онҳо, 2 муассисаи махсус, иншооти шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод ба итмом расида, корҳои сохтмону таъмир дар 36 иншоот идома доранд.
Ҳамзамон сохтмони як маркази саломатии ноҳия, ду маркази саломатии деҳот, панҷ бунгоҳи саломатӣ ва ҳафт беморхона бо шуъбаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Панҷакент, Айнӣ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Шаҳристон ба итмом расида, дар 21 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ҳамзамон дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд маркази хизматрасонии «Шоми Патар» мавриди истифода қарор гирифт.
Ин иншоот бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, минбаъд дар он чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.
Пас аз ифтитоҳи иншоот барои оилаҳои камбизоат, маъюбон ва ятимон дастархон ороста шуда, ба қишри ниёзманди ҷомеа туҳфаҳо супорида шуд.
Иброз гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа мунтазам ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо кумакҳои гуногун расонида мешаванд.
Инчунин Раиси вилоят дар шаҳри Конибодом бо фаъолияти корхонаи коркарди мева шинос гардид. Корхонаи коркарди мева аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ таъсис дода шуда, дар он асосан зардолуи дар минтақа истеҳсолшаванда коркард ва банду баст мешавад.
Корхона бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати мамлакат фаъол шуда, муассисон тасмим гирифтаанд, ки чормағзи заминиро низ аз ноҳияи Мастчоҳ дастрас ва банду баст намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






