35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом марказҳои стоматологӣ ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд

Декабрь 21, 2023 09:53

ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом маркази стоматологӣ ба истифода дода шуд, ки  он аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бо сифати баланд бунёд ва бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар марказ 6 дандонпизишк фаъолият  намуда, чанд нафари дигар баъди ба истифода додани бахши косметологӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо сатҳу сифати корҳо ва шароити марказ ба кори масъулин баҳои баланд дод. Таъкид шуд, ки дар мамлакат бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибби хусусӣ рушд намуда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки соли 2023 дар вилоят сохтмон ва таъмиру навсозии 164 иншооти соҳа, аз ҷумла бунёди 36 иншоот ва таъмиру навсозии 128 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Дар 11 моҳи соли равон таъмири 93 иншооти соҳа, аз ҷумла 3 маркази саломатии шаҳрӣ, 6 маркази саломатии ноҳиявӣ, 12 маркази саломатии деҳот, 23 бунгоҳи тиббӣ, 42 беморхона ва шуъбаҳои онҳо, 2 муассисаи махсус, иншооти шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод ба итмом расида, корҳои сохтмону таъмир дар 36 иншоот идома доранд.

Ҳамзамон сохтмони як маркази саломатии ноҳия, ду маркази саломатии деҳот, панҷ бунгоҳи саломатӣ ва ҳафт беморхона бо шуъбаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Панҷакент, Айнӣ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Шаҳристон ба итмом расида, дар 21 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ҳамзамон дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд маркази хизматрасонии «Шоми Патар» мавриди истифода қарор гирифт.

Ин иншоот бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, минбаъд дар он чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Пас аз ифтитоҳи иншоот барои оилаҳои камбизоат, маъюбон ва ятимон дастархон ороста шуда, ба қишри ниёзманди ҷомеа туҳфаҳо супорида шуд.

Иброз гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа мунтазам ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо кумакҳои гуногун расонида мешаванд.

Инчунин Раиси вилоят дар шаҳри Конибодом бо фаъолияти корхонаи коркарди мева шинос гардид. Корхонаи коркарди мева аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ таъсис дода шуда, дар он асосан зардолуи дар минтақа истеҳсолшаванда коркард ва банду баст  мешавад.

Корхона бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати мамлакат фаъол шуда, муассисон тасмим гирифтаанд, ки чормағзи заминиро низ аз ноҳияи Мастчоҳ дастрас ва банду баст намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 21, 2023 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст