35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кормандони филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд
ФАЙЗОБОД, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои наву замонавии филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.
Мудири филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод Баҳодур Юнусӣ иброз дошт, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандону муштариёни КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод сазовори беҳтарин бинои наву замонавӣ мегарданд, ки дар ин бинои дуошёна тамоми шароити корӣ барои мутахассисон ва муштариён муҳайё гардидааст. Утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои дар фасли тирамоҳу зимистон бо гармӣ таъмин намудани бино шароити хуб муҳайё мебошад.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод бунёди зиёда аз 147 иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора то имрӯз зиёда аз 60 иншоот сохта, ба истифода дода шуд. Дар боқимонда иншоот, аз ҷумла дар маркази ноҳия биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳия, сохтмони муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, бинои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Файзобод ва бинои шуъбаи маориф корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.
АКС: КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






