Ҳайати Тоҷикистон дар Париж бо сардори шуъбаи АвруОсиёии котиботи равобити байналмилалии СҲИР вохӯрӣ намуд

Декабрь 14, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса вохӯрии ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён ва муовини Раиси Кумитаи андози назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маликзода бо сардори шуъбаи АвруОсиёии котиботи равобити байналмилалии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд  (СҲИР) Уиллям Томпсон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вохӯрӣ дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии вазирон дар чаҳорчӯбаи барномаи рақобатпазирии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд, ки таҳти унвони «Ҳамкории даст ба даст дар замонҳои душвор дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса» баргузор мегардад, доир шуд.

Дар мулоқот оид ба масъалаҳои рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ислоҳоти гузаронидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар солҳои охир, инчунин татбиқи якчанд барномаи ислоҳотӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд, ки татбиқи маҷмуи васеи ислоҳотро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт фаро мегиранд, иттилоъ дода шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 14, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт