Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба фасли зимистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» баргузор гардид, ки дар он омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истнод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Ҷаласа бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ — аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Бо мақсади иҷрои ин қарор дар тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарорҳои дахлдори дохилӣ ба тасвиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор тасдиқ шуданд.
Ҳамзамон бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии ҷараёни иҷрои ин қарор тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, аз ҷараёни иҷрои қарор ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, шабакаҳои барқӣ ва ғайраро дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои он мавриди омӯзиш қарор дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Дар ҷаласа аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳисобот манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар ноҳияҳои шаҳри Душанбе вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ, кам намудани талафоти неруи барқ ва масъалаҳо вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо ибрози назар намуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазир ҷиҳати сари вақт ба итмом расонидани пайвастшавии биноҳои маъмуриву истиқоматии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва гирифтани меъёри зарурии гармӣ ба шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби Роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ- муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он вобаста ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши фасли зимистон супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






