Ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии истиқболи Женева вусъат меёбад

Декабрь 22, 2023 14:39

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Директори Маркази байналмилалии истиқболи Женева (CAGI) Янник Рулин баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад. 

Дар ҷараёни мулоқот вусъати ҳамкорӣ байни Сафорат/Намояндагии доимӣ ва Маркази байналмилалии истиқболи Женева (CAGI) дар самтҳои хизматрасонӣ, инчунин мусоидат дар барпо намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ва пешниҳоди машваратҳо ба намояндагиҳои доимӣ дар раванди мутобиқшавии онҳо дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Декабрь 22, 2023 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд