Аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз зиёд мешавад

Декабрь 28, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд гардад. Дар ин хусус  имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд.

Ҳамзамон Сарвари давлат дастур доданд, ки аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ,  инчунин иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраргардидаашон зиёд гардад.

Инчунин аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм,  фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ,  инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд гардад.

Инчунин аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шавад.

Ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати молия, мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдом тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 28, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд